Феврал 05, 2019 18:26 Asia/Dushanbe
  • Лавров: Русия аз ҳалли масъалаи Афғонистон ба дасти афғонҳо ҳимоят мекунад

Вазири хориҷаи Русия гуфт: Маскав фаъолона аз ҳалли масъалаи Афғонистон аз тариқи гуфтугӯҳои байни худи афғонҳо бо мушорикати давлати Афғонистон ва Толибон ҳимоят мекунад.

Лавров шаби гузашта дар поёни сафари худ ба Қирғизистон дар Нишасти матбуотии муштарак бо ҳамтои қирғизистониаш афзуд: Толибон бахше аз ҷомеаи Афғонистон аст ва наметавон аз ин воқеият чашмпушӣ кард.

Вазири хориҷаи Русия тасреҳ кард: Ҳоло ҳама мутаваҷҷеҳ шудаанд, ки гуфтугӯи байни давлати Афғонистон ва Толибон иҷтинобнопазир аст, аммо бархе аз кишварҳо аз қабили Иёлоти Муттаҳида талош мекунанд, то бар ин гуфтугӯҳо савор шаванд ва ин гуфтугӯҳоро ба сурати маҳрамона ва пушти саҳна пеш бубаранд.  

Ин изҳороти Лавров дар остонаи гуфтугӯҳои Маскав, ки имрӯз бо ҳузури шуморе аз шахсиятҳои афғон, чеҳраҳои мухолифи давлат ва раҳбарони қабоили Афғонистон оғоз шудааст, матраҳ шуд.

Лавров дар Нишасти матбуотии муштараки худ бо Чингиз Айдарбеков ҳамчунин аз талоши бархе шарикони Осиёи Марказӣ барои тахриби равобит дар ин минтақа хабар дод ва гуфт: Чунин фаъолият на танҳо алайҳи Чин балки нисбат ба Русия низ анҷом мешавад, вале мо эътиқод дорем, ки дӯстони Русия дар Осиёи Марказӣ, ки дар чорчуби 5+1 ҳамкорӣ мекунанд, тавоноии шиносоии омилони ингуна фаъолиятҳоро доранд.

Чингиз Айдарбеков, вазири хориҷаи Қирғизистон низ дар ин нишаст бо ишора ба таҷаммуъҳои зиддчинӣ дар Бишкек гуфт: Чин дӯст, шарик ва ҳамсояи қобили эътимоди Қирғизистон аст ва ҳамаи мақомоти Қирғизистон аз таҳкими равобити байни Бишкек ва Пекин ҳимоят мекунанд ва ин таҷаммуъҳои эътирозӣ ҳеҷ иртиботе бо афкори умумӣ надорад.

Айдарбеков тасреҳ кард: Ин таҷаммуъҳо дар марҳалаи аввал ба Қирғизистон зарба мезанад.

 

Барчасп