Феврал 06, 2019 10:45 Asia/Dushanbe
  • Трамп хуруҷи Амрикоро аз Паймони нерӯи ҳастаии миёнбурд эълом кард

Доналд Трамп дар дувумин суханронии солонаи худ дар конгресс гуфт, ба таври расмӣ хуруҷи Амрикоро аз Паймони нерӯи ҳастаии миёнбурд эълом мекунам.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, Доналд Трамп бо ишора ба музокироти сулҳи Афғонистон муддаӣ шуд, Амрико ба музокирот барои ҳаллу фасли сиёсии масоил дар Афғонистон шитоб додааст.

Раисҷумҳури Амрико гуфт, умедвор аст музокирот ба Амрико иҷоза диҳад низомиёни худро дар Афғонистон коҳиш диҳад ва бар мубориза бо терроризм мутамаркиз шавад.

Трамп изҳор дошт: мутмаин нестам як тавофуқ бар сари Афғонистон ба даст ояд, аммо арзиши талош барои сулҳро дорад.

Вай ҳамчунин аз дувумин дидори худ бо раҳбари Кореяи Шимолӣ дар 27 ва 28 –уми феврал дар Ветнам хабар дод.

Раисҷумҳури Амрико гуфт, барои дувумин бор бо раҳбари Кореяи Шимолӣ дар рӯзҳои 27 ва 28 –уми феврал дар Ветнам дидор мекунад.

Трамп дар бахши дигаре аз суханонаш ба шиддат аз Чин интиқод кард ва афзуд, Чин солҳост саноати Амрикоро ҳадаф гирифта ва моликияти маънавии Амрикоро ба сирқат бурдааст.

Раисҷумҳури Амрико гуфт: Мо ба Чин эълом кардем, замони сирқату дуздии фурсатҳои шуғлии амрикоӣ ба поён расидааст, мо барои ақди тавофуқномаи ҷадид бо Пекин кор мекунем ва намехоҳем чиниҳо аз мо сӯиистифода кунанд.

 

Барчасп