Такрори дурӯғпардозиҳои Трамп зидди Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i41505-Такрори_дурӯғпардозиҳои_Трамп_зидди_Эрон
Раисҷумҳури Амрико дар дувумин суханронии солонаи худ дар конгресс бори дигар иддаоҳои ҳамешагӣ зидди Эронро такрор кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 06, 2019 07:51 Asia/Dushanbe
  • Такрори дурӯғпардозиҳои Трамп зидди Эрон

Раисҷумҳури Амрико дар дувумин суханронии солонаи худ дар конгресс бори дигар иддаоҳои ҳамешагӣ зидди Эронро такрор кард.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико рӯзи чаҳоршанбе дар дувумин суханронии солонаи худ дар конгресс гуфт, сахттарин таҳримҳоро алайҳи мардуми Эрон эъмол кардааст.

Трамп дар бораи тасмими худ барои хориҷ кардани Амрико аз Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БарҶом) низ муддаӣ шуд, ки ин иқдомро ба манзури итминон аз даст наёфтани Эрон ба таслиҳоти атомӣ анҷом додааст.

Иддаои Трамп дар шароите матраҳ мешавад, ки ниҳодҳои байналмилалӣ, азҷумла Ожонси байналмилалии энерэии атомӣ дар гузоришҳои худ борҳо бар сулҳомез будан барнома ҳастаии Эрон таъкид кардаанд.

Трамп бо эътироф ба мудохилаи бенатиҷаи Амрико дар Ховари Миёна ва сарф кардани 7 триллион доллар дар ин минтақа иддао кард, бузургтарин мушкили Амрико дар Ховари Миёна аст.

Ӯ бидуни ишора ба ихтилоф бо конгресс бар сари қонунҳои муҳоҷиратӣ афзуд, конгресс 10 рӯз фурсат дорад қонунеро барои муҳофизат аз хоки Амрико тасвиб кунад.