Феврал 06, 2019 15:05 Asia/Dushanbe
  • Номи бархе аз низомиёни Туркия дар феҳристи террористӣ

Вазорати дохилии Туркия дар баёнияе исми 74 низомии собиқи ин кишварро дар феҳристи террористҳои таҳти таъқиби худ қарор додааст.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, Вазорати кишвари Туркия дар ин баёния бо ишора ба ин ки барои дастгирии ин 74 низомӣ дар маҷмуъ ҳудуди 70 миллион лира ҷоиза таъйин шудааст, эълом кард, ин афрод ҷузъи 490 низомӣ ҳастанд, ки пас аз кудатои нофарҷоми низомии 15 июли соли 2016 зидди давлати Анкара фирор кардаанд.

Бар асоси ин гузориш, шумори афроде, ки то кунун номҳои онон дар феҳристи террористҳои таҳти таъқиби Вазорати умури дохилии Туркия қарор доранд, ба 1028 нафар расидааст.

Давлати Туркия муътақид аст, Фатҳуллоҳ Гюлен ва ҳаводорони вай бо ташкили гурӯҳе, бо рахна дар ташкилоти қазоӣ, низомӣ, омӯзишӣ ва дигар аркони давлатӣ, кудатои нофарҷоми низомии 15 июли 2016 - ро зидди давлат созмондеҳӣ карданд, аммо Гюлен ин иттиҳомҳоро борҳо рад кардааст.

 

Барчасп