Феврал 07, 2019 10:14 Asia/Dushanbe
  • Толибон: Ниме аз низомиёни Амрико аз Афғонистон хориҷ мешаванд

Яке аз масъулони аршади Толибон дар музокироти ғайрирасмии Маскав гуфт: Ниме аз низомиёни Амрико то поёни апрели 2019 аз Афғонистон хориҷ мешаванд.

Абдусслаом Ҳанафӣ, аз масъулони аршади Толибон дар ҳошияи баргузории Нишасти ғайрирасмии намояндагони Толибон ва бархе гурӯҳҳои сиёсии Афғонистон дар Маскав тасреҳ кард: Мақомоти Амрико ваъда додаанд, хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон аз феврали ҷорӣ шуруъ мешавад.

Ҳанафӣ афзуд: Амрико ва Толибон ҳар кадом бо ташкили кумитае фаннӣ талош мекунанд, барномаи замонбандии хуруҷи низомиёни боқимондаи амрикоӣ дар Афғонистонро тадвин кунанд.

Ин дар ҳолест, ки Роб Манинг, сухангуи Вазорати дифои Амрико гуфт, токунун артиши Амрико ҳеҷгуна дастуре барои иҷрои оғози амалиёти хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон дарёфт накардааст.

Манингхотирнишон кард, гуфтугӯҳои сулҳ бо Толибон идома дорад, аммо Вазорати дифои Амрико дастуруламале барои тағйири сохтори нерӯҳои низомӣ дар Афғонистон дарёфт накардааст.

 

Барчасп