Пои Газпром ҳам ба Покистон боз шуд
Феврал 07, 2019 10:51 Asia/Dushanbe
Ширкати Газпроми Русия тавофуқномаи иктишофи захоири нафту газ дар савоҳили Покистонро бо ширкати миллии гази ин кишвар имзо кард.
Ин қарордод байни Мубин Савлат, раиси ширкати миллии гази Покистон ва Виталий Маркелов, муовини ширкати Газпроми Русия имзо шуд.
Барномаи эҳдоси хати лулаи газ барои Покистон ва интиқоли хутути газӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ аз дигар тарҳҳои Газпром аст, ки ба зудӣ иҷроӣ хоҳад шуд.
Тибқи қарордоди газии ҷадид, Покистон рӯзона як миллион метри мукааб газ аз Русия дарёфт мекунад.
Интизор меравад, тарҳи интиқоли гази Русия ба Покистон зарфи 4 соли оянда такмил шавад.