Феврал 07, 2019 18:07 Asia/Dushanbe
  • Дидори раисиҷумҳури Туркманистон ва вазири умури хориҷаи Русия

Раисиҷумҳури Туркманистон ва вазири умури хориҷаи Русия, дар бораи ихтилофоти газии байни ду кишвар ва низ ҳамкорӣ дар дарёи Хазар табодули назар карданд.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия рӯзи чаҳоршанбе дар Ашқобод бар лузуми ҳалли ихтилофоти газии байни ду кишвар таъкид карданд.

Тарафайн ҳамчунин мавзӯоти минтақаӣ ва ҳамкорӣ дар ҳавзаи дарёи Хазарро баррасӣ карданд.

Қарор аст, фурӯши гази Туркманистон ба Газпроми Русия аз январи 2019 оғоз шавад.

Туркманистон аз чанд соли пеш содироти гази худ ба Русияро ба хотири ихтилофоти молӣ қатъ кардааст.

Барчасп