Феврал 10, 2019 12:43 Asia/Dushanbe
  • Як мақоми афғон: Дидгоҳи Толибон тағйир кардааст

Мушовири раиси ҷумҳурии Афғонистон эълом кард: Дидгоҳи Толибон нисбат ба гузашта тағйир кардааст.

Ба гузориши хабаргузории Тасним, Наҷибуллоҳ Муҷаддадӣ, ки ба намояндагӣ аз «Ҷабҳаи наҷоти миллии Афғонистон» дар нишасти ахири аҳзоби сиёсии ин кишвар бо Толибон дар Русия ширкат карда буд, гуфт: Назари Толибон нисбат ба шароити Афғонистон тағйир кардааст ва ин гурӯҳ дигар мухолифи қонуни асосии ин кишвар нест, балки таъдили бархе аз маворидро дар ин қонун хостор аст.

Вай афзуд: Аҳзоби сиёсии Афғонистон ва намояндагони Толибон дар бораи бисёре аз масоил иттифоқи назар доранд.

Наҷибуллоҳ Муҷаддадӣ тасреҳ кард: Намояндагони Толибон мухолифи музокираи сулҳ бо давлати Афғонистон нестанд, аммо ҳар гуна гуфтугӯ бо давлатро машрут ба хуруҷи низомиёни хориҷӣ ба фармондеҳии Амрико аз Афғонистон медонанд.

Толибон дар солҳои охир ҳамвора аз музокира бо давлати Афғонистон худдорӣ кардааст.

 

Барчасп