Феврал 12, 2019 13:46 Asia/Dushanbe
  • Ботил шудани корти миллии 10 ҳазор покистонӣ

Давлати Покистон корти миллии беш аз 10 ҳазор покистониеро, ки ба тамаи дарёфти кумакҳои Созмони Милали Муттаҳид худро афғон хонда буданд, ботил кард.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, бо дастури давлати Покистон Созмони сабти аҳволи ин кишвар корти миллии 10 ҳазору 144 нафареро, ки ба тамаи дарёфти кумакҳои Созмони Милал муддаӣ шуда буданд, афғон ҳастанд, ботил кард. Ин афрод зимни худизҳорӣ ва иддаои миллияти афғон 400 доллар аз Созмони Милал дарёфт кардаанд.

Пеш аз ин низ давлати Покистон даҳҳо ҳазор корти шиносоиро, ки ба сурати ғайриқонунӣ тавассути афғонҳо гирифта шуда буданд, ботил карда буд.

Тибқи эъломи Созмони Милал дар соли 2017, Покистон дувумин кишвари бузурги муҳоҷирпазири ҷаҳон аст. Ин кишвар дар солҳои гузашта мизбони 4 миллион муҳоҷир аз Афғонистон буд.