Ҳамлаи хирсҳои қутбӣ ба шимоли шарқи Русия+видеоӣ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i41655-Ҳамлаи_хирсҳои_қутбӣ_ба_шимоли_шарқи_Русия_видеоӣ
Хирсҳои қутбии гурусна ба рустое дар шимоли шарқи Русия ҳамла карданд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Феврал 12, 2019 18:18 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи хирсҳои қутбӣ ба шимоли шарқи Русия+видеоӣ

Хирсҳои қутбии гурусна ба рустое дар шимоли шарқи Русия ҳамла карданд.

Мақомоти Русия мегӯянд, даҳҳо хирси бузургҷусса дар ҷустуҷуи ғизо дар минтақае маскунӣ дар ҷазоири Новая Земля таҷаммуъ кардаанд.

Си Эн Эн гузориш дод, ки ин хирсҳо ҳатто вориди манотиқи маскунӣ шудаанд.

Маҳаллиҳо бисёр ваҳшатзада ҳастанд ва ин мавзуъ зиндагии рӯзмарраи онҳоро мухтал кардааст ва онҳо аз фиристодани фарзандони худ ба мадраса худдорӣ мекунанд.

Мақомоти Русия тасмим надоранд, ин хирсҳоро бикушанд ва танҳо талош мекунанд, онҳоро ба маҳалле дуртар аз маҳалли сукунати инсонҳо мунтақил кунанд.