Феврал 12, 2019 20:54 Asia/Dushanbe
  • Бозгардондани донишҷӯёни туркманистонӣ аз донишгоҳҳои хориҷӣ

150 донишҷӯи туркманистонии машғул ба таҳсил дар хориҷ дар соли 2018 аз кишварҳои маҳалли таҳсилашон бозгардонда шуданд.

Намояндагони давлати Туркманистон дар нишастҳое, ки бо волидайни донишҷӯёни туркмани машғул ба таҳсил дар кишварҳои хориҷӣ доштанд, иллати аслии бозгардондани ин донишҷӯёни Туркманистонро нақзи қавонини ин кишварҳо, бадрафторӣ ва амалкарди заифи таҳсилии онҳо эълом карданд.

Созмони амнияти миллии Туркманистон низ аз волидайни донишҷӯёне, ки дар хориҷ аз кишвар таҳсил мекунанд, хостааст, муроқиби фарзандонашон бошанд, то дар доми гурӯҳҳои террористӣ гирифтор нашаванд.

Дар солҳои гузашта донишҷӯён ва ҷавонони зиёде бо тобеияти Туркманистон аз маҳалли кор ва ё таҳсилашон дар хориҷ ба ДИИШ пайвастаанд.

 

Барчасп