Оворагии ҳашт миллион нафар аз мардуми Ироқ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i41706-Оворагии_ҳашт_миллион_нафар_аз_мардуми_Ироқ
Раиси Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх эълом кард, ҳануз ҳашт миллиону сад ҳазор тан аз мардуми Ироқ овораанд.  
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Феврал 14, 2019 12:17 Asia/Dushanbe
  • Оворагии ҳашт миллион нафар аз мардуми Ироқ

Раиси Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх эълом кард, ҳануз ҳашт миллиону сад ҳазор тан аз мардуми Ироқ овораанд.  

Петер Маурер, раиси Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар поёни сафар ба Ироқ, бозсозии сохтори иҷтимоии ин кишварро омиле калидӣ барои тазмини убур аз гузаштаи пурхушунати Ироқ ба самти фардоҳои беҳтар донист ва гуфт: “Ҳануз ҳудуди ҳашт миллиону сад ҳазор тан дар дохили Ироқ овораанд”.  

Вай пас аз сафари чаҳоррӯза ба шаҳрҳои Мусил, Бағдод ва Эрбил дар Ироқ тасреҳ кард, гарчи шиддати хисороти ворида дар Ироқ буҳтовар аст, вале ончи, ки камтар дида мешавад, захмҳои иҷтимоӣ аст, ки бар умқи ҷони мардуми ин кишвар нишастааст.  

Ба гуфтаи раиси Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх, агар қарор аст, Ироқ дубора рӯи пои худ биистад, ҷомеаи он бояд ба сӯи мусолиҳа гом бардорад, ки дар ин росто, бояд аз бозгашти довталабона-эмин ва ғайритабъизомези ҳамаи оворагони ироқӣ, ки мехоҳанд, ба хона ва кошонаи худ бозгарданд, мутмаин шуд.