Ақибнишинии муҷаддади Амрико дар бораи дастури кори нишасти Варшава
https://parstoday.ir/tg/news/world-i41714-Ақибнишинии_муҷаддади_Амрико_дар_бораи_дастури_кори_нишасти_Варшава
 Давлати Амрико дар ростои сиёсати эронҳаросӣ ва эҷоди иҷмои байналмилалӣ алайҳи Эрон, нишасти дурӯзаеро дар Варшава - пойтахти Полша (Лаҳистон) дар 13 ва 14 феврали соли 2019 баргузор мекунад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Феврал 14, 2019 14:50 Asia/Dushanbe
  • Ақибнишинии муҷаддади Амрико дар бораи дастури кори нишасти Варшава

 Давлати Амрико дар ростои сиёсати эронҳаросӣ ва эҷоди иҷмои байналмилалӣ алайҳи Эрон, нишасти дурӯзаеро дар Варшава - пойтахти Полша (Лаҳистон) дар 13 ва 14 феврали соли 2019 баргузор мекунад.

Мақомоти аршади Амрико аз муддате қабл бар рӯйкарди зиддиэронии ин нишаст таъкид карда буданд. Майк Пампео, вазири хориҷаи Амрико авоили январи соли 2019 ба вузуҳ ҳадафи баргузории конфронси Варшаваро тамаркуз бар нуфузи Эрон дар минтақа эълом карда буд.

Давлати Трамп корзори густурдаи иқтисодӣ бо эъмоли бесобиқатарин таҳримҳо ва ҷанги таблиғотии васее алайҳи Эрон ба роҳ андохтааст. Вашингтон бо барпоии нишасти Варшава ва иддаои даъват аз 60 кишвар барои ҳузур дар он, бар ин тасаввур аст, ки дар арсаи сиёсӣ низ аз дидгоҳи худ иҷмои байналмилалӣ алайҳи Эрон эҷод карда то Теҳронро водор ба тағйири сиёсатҳои минтақаияш намояд.

Бо ин ҳол мухолифати Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои гурӯҳи 1+4 бо дастури кори зиддиэронии ин нишаст боис шуд то Амрико бо ҳадафи розӣ кардани дигар кишварҳо ба ширкат дар ин нишаст, дастури кори онро расман тағйир диҳад. Вазорати хориҷаи Амрико чанде қабл дар чархиши ошкор мавзӯоти ин нишастро тағйир дод ва дар баёнияе эълом кард, ки ин нишаст дар бораи мавзӯоти чандгона, яъне буҳронҳои минтақаӣ ва таъсири он бар ғайринизомиён дар минтақа, тавсеаи мушакӣ ва манъи афзоиш, амнияти сайбери ва таҳдидҳои навзуҳур дар бахши энержӣ ва муқобила бо ифротгароӣ хоҳад буд.

Бо таваҷҷуҳ ба ташдиди мухолифатҳо, Вашингтон бори дигар дар мавзеи беҳаракатӣ талош дорад то ин гуна вонамуд кунад, ки дар нишасти Варшава маҷмӯи васее аз мавзӯот мавриди баррасӣ қарор мегирад ва рӯйи кишвари хосе тамаркуз надорад.

Дар ин росто Натаниел Тек, сухангӯи минтақаии Вазорати умури хориҷаи Амрико чаҳоршанбешаб дар хусуси барномаи нишасти дурӯзаи Варшава гуфт, ин иҷлос бисёр васеъ аст ва рӯйи кишвар ва мавзӯи хосе тамаркуз надорад.

Бо вуҷуди ғоиб будани кишварҳои бузурги ҷаҳон монанди Чин, Русия ва мушорикати заифи Олмон ва Фаронса, ин мақоми амрикоӣ нишасти Варшаваро як рӯйдоди таърихӣ хонда, ки дар он тамоми шарикони минтақаии Вашингтон аз Исроил гирифта то кишварҳои арабӣ ширкат кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки муҳимтарин муттаҳидони аврупоии Амрико дидгоҳи дигаре дар бораи аҳдофи ин нишаст доранд. Ба бовари онҳо меҳвари аслии дастури кори ин конфронс зиддият бо Эрон аст.

Ин иддао дар ҳоле баён мешавад, ки амрикоиҳо аввалин бор нуфузи Эрон дар минтақа ва фаъолиятҳои мушакии Теҳронро меҳвари аслӣ ва тамаркузи баҳсҳои нишаст эълом карда буданд. Аммо вақте ки бо мухолифатҳои густурда рӯ ба рӯ шуданд, аз мавзеи худ ақиб нишаста ва эълом карданд, тамаркузи нишаст бар масоили калони минтақаи Ховари Миёна аст.

Ба ин тартиб, нишасти Варшава аз рӯзи чаҳоршанбеи 13 феврал дар ҳоле бо ҳузури Амрико ва чанд кишвари дигар оғоз шуд, ки дар он бисёре аз кишварҳо ҳузур надоранд ё дар сатҳи бисёр пойин ширкат мекунанд.

Мизбонии Полша ба унвони муттаҳиди аслии Амрико дар шарқи Аврупо аз ин нишаст, ки нишонае аз сарсупурдагӣ ва талоши давлати ростгарои ин кишвар барои ҷалби назари Вашингтон маҳсуб мешавад, нохурсандии Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои бузурги Аврупо монанди Олмон ва Фаронсаро, ки мӯуътақид ба ҳифзи тавофуқи ҳастаии БарҶом ҳастандро барангехтааст.

Дар ин замина Томас Симоняк, намояндаи парлумон ва вазири дифои пешини Полша, аз ин ки давлати ин кишвар мизбони нишасти зиддиэронӣ аст, интиқод кард ва гуфт, душманӣ бо Эрон ё кишварҳои дигар ба нафъи Варшава нест.

Дар айни ҳол, адами истиқболи кишварҳои муҳим ва таъсиргузор дар арсаи Ховари Миёна аз нишасти Варшава боис шуда то Вашингтон ночор шавад то эълом кунад, ки баёнияи поёнии ин нишастро Амрико ва Полша содир хоҳанд кард ва ба ин тартиб талоши давлати Трамп барои ҳамроҳсозии дигар кишварҳо алайҳи Эрон амалан шикастхурдааст.