Меркел: Халъи силоҳ Амрико, Русия, Аврупо ва Чинро шомил шавад
Садри аъзами Олмон дар конфронси амниятии Мюнхен дар вокуниш ба иқдоми Амрико дар таълиқи муоҳидаи нерӯҳои ҳастаии миёнбурди эълом кард, талошҳо барои халъи силоҳ бояд Амрико, Русия, Аврупо ва Чинро шомил шавад.
Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”, Ангела Меркел, садри аъзами Олмон дар ҳоле ин суханро баён кард, ки масъалаи хурӯҷи Амрико муоҳида нерӯҳои ҳастаӣ миёнбурд иҷрои ин муоҳидаро байни Маскав ва Вашингтон дучори бунбаст кардааст. Меркел рӯзи шанбе дар конфронси амниятии Мюнхен гуфт, халъи силоҳ мавзӯе аст, ки “ба ҳамаи мо марбут мешавад ва мо хушҳол мешавем, мавзӯоти халъи силоҳ фақат байни Амрико, Аврупо ва Русия баргузор нашавад ва ин музокирот бо Чин низ бошад”.
Меркел дар бораи авзои Ховари Миёна низ иддао кард, хурӯҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Сурия ин хатарро ба вуҷуд меоварад, ки Маскав ва Теҳрон нуфузи худро дар Ховари Миёна афзоиш диҳанд.