Режими саҳюнистии Олмон
Порс туде - Дар соли 2005 замоне, ки Меркел, садри аъзами Олмон шуд ва ин симатро барои 16 сол ҳифз кард, давлати сабз - қирмиз ба поёни кор худ расид. Меркел дар соли 2008, тайи як суханронӣ дар порлумони Исроил тасреҳ кард, ки «ин масъқлияти таърихӣ бахше аз манофеи миллии кишвари ман аст.»
Дар панҷ моҳ пас аз 7 октябри 2023, ҷаҳон бо ваҳшат мушоҳида кард, ки чигуна Олмон аз Ҳолокост ба унвони силоҳе барои хомӯш кардани интиқодот алайҳи ҷанги Исроил дар Ғазза истифода мекунад. Рафтори давлати Олмон дар ин буҳрон, амалан ҳеҷ тафовуте бо Иёлоти муттаҳида надошт, ҳар ду кишвар ба режими Исроил таслеҳот ирсол карданд ва дар Девони байналмилалии додгустарӣ дар баробари Африқои Ҷанӯбӣ аз Исроил ҳимоят карданд. Аммо дар сатҳи дохилӣ, Олмон поро фаротар гузошта ва дар саркӯби муътаризон, ҳунармандону равшанфикроне, ки ҳамбастагии худро бо мардуми Фаластин эълом кардаанд, ба шакли таҳоҷумитар амал кардааст. Ин иқдомот аз ҳамон масъулияте, ки ба хотири Ҳолокост бар дӯши Олмон ниҳода шуда буд, ба навъе барои намоиши ахлоқмадории худ баҳра мебарад.
Дар ҳоле, ки таваҷҷуҳоти зиёде ба ин саркӯбҳои хос маътуф шудааст, камтар касе ба фароянди шаклгирӣ ва таҳаввули фарҳанги ёдоварии Ҳолокост дар Олмон пардохтааст. Дар Иёлоти муттаҳида, бисёре Олмонро кишваре пешрав медонанд, ки фарҳанги ёдоварии Ҳолокостро ба гӯнае ниҳодина кардааст, ки ба ҳимояти беқайду шарт аз Исроил мунҷар шудааст. Аммо воқеият печидатар аз ин аст. Ин фарҳанги ёдоварӣ аз даҳаи 80 милодӣ ба баъд дар сохтори сиёсии Ҷумҳурии федеролии Олмон тасбит шуд. Бо ин ҳол, тайи ду даҳаи гузашта, ин фарҳанг ба инҳитот кашида шуда ва Олмон аз пазириши масъулият дар қиболи башарият ба маҳдӯд кардани ин масъулият ба Исроил расидааст.
Бештари тақсири ин тағйирот мутаваҷҷеҳи Ангела Меркел аст, ки тайи ду даҳаи ахир бар сиёсати Олмон мусаллат буд. Аммо бояд таваҷҷуҳ дошт, ки дар ҳамин давра, қудратҳои сиёсии ҳамгароии як иттиҳоди ғайримунтазира миёни чапи миёнаи Олмону ҷиноҳи рости Амрико ва Исроил эҷод карданд. Имрӯза давлати эътилофии Олмон муташаккил аз сотсиал-демократҳо, сабзҳо ва демократҳо озод аст. Ба гуфтаи Ниман, мавозеъи ин давлат дар бораи Исроил ба гунае аст, ки «аз мавозеъи Кумитаи равобити умумии Амрико ва Исроил низ муҳофизакоронатар ва ҳимоятгаронатар» ба назар мерасад.
Дар соли 2005, замоне, ки Меркел, садри аъзами Олмон шуд ва ин симатро барои 16 сол ҳифз кард, давлати сабз - қирмиз ба поёни кор худ расид. Меркел дар соли 2008, тайи як суханронӣ дар порлумони Исроил, ки нахустин суханронии як садри аъзами Олмон дар онҷо буд, таъкид кард, ки тамоми аслофи ӯ аз масъулияти вижаи Олмон дар қиболи амнияти Исроил огоҳ будаанд. Ӯ тасреҳ кард, ки «ин масъулияти таърихӣ бахше аз манофеи миллии кишвари ман аст.»
Ин мавзеъгирии Меркел ба вузӯҳ аз Rudolf Dresser, сафири Олмон дар Исроил байни солҳои 2000 то 2005, таъсир гирифта буд. сафири Олмон дар Исроил дар мақолае дар соли 2005 навишта буд, ки «амнияти Исроил ҷузъи манофеи миллии мост.»
Агарчӣ ин истилоҳ дар асл аз Joschka Fischer гирифта шуда буд, аммо тибқи гузоришҳои Spiegel, мушовирони Меркел ин истилоҳро муносибтар аз «сабки гуфтори масеҳии демократ»-и худ медонистанд. Ин иқдоми Меркел, ки ба сиёсати «бидуни ҷойгузин» шӯҳрат дошт, амалан сиёсати Олмон дар қиболи Исроилро аз доираи рақобати демократӣ хориҷ кард ва ба баёни Juergen Zimmer муаррих, ин сиёсатро ба асле «бе чуну чаро» табдил сохт.
Меркел дар ин замина муваффақ буд: тақрибан тамоми тайфҳои сиёсӣ дар Олмон бар сари ин масаъла тавофуқ доштанд, ки масъулият дар қиболи Исроил, яке аз усӯли манофеи миллии кишвар аст. Дар соли 2021, давлати эътилофии ҷадид, муташаккил аз сотсиал-демократҳо, сабзҳо ва демократҳои озод, тавофуқномае мунташир кард, ки банде машҳур дар он дида мешуд: «амнияти Исроил ҷузъи манофеи миллии мост.»

Садри аъзам Олаф Шолтс, танҳо даҳ рӯз пас аз 7 октябри 2023, ба Исроил сафар карду бори дигар ин баёнияро такрор кард, дар ҳоле, ки Исроил ҳазорон бомб рӯи Ғазза рехта буд. Аз замони канор рафтани Меркел аз қудрат, интиқодот нисбат ба мироси сиёсати хориҷии ӯ афзоиш ёфтааст, бавижа дар робита бо авлавиятдиҳии манофеи иқтисодӣ бар амният дар қиболи Чину Русия. Аммо рӯйдодҳо пас аз 7 октябр нишон доданд, ки мироси Меркел дар қиболи сиёсати хориҷии Олмон нисбат ба Исроил низ ба тарзи мухаррибе амал кардааст. Дар соли 2009, як сол пас аз суханронии Меркел дар порлумони Исроил, Натанёяҳу барои бори дувум ба қудрат расид ва аз он замон ба баъд Исроил ҳарчӣ бештар ба ҷиноҳи рости ифротӣ гароиш пайдо кард. Акнун, Олмон барои интиқод аз Исроил ё нотавонаст ё бемайл, ҳатто замоне, ки Исроил фаластиниёнро аз сарзамини худ берун мекунад ва онҳоро ҳадафи бомбаборон қарор медиҳад.
Раҳбарони барҷастаи Ҳизби сабз, аз ҷумла Анналена Бербок, вазири умӯри хориҷа ва Роберт Хабек, вазири иқтисод аз ҷаддитарин ҳомиёни Исроилу сарсахттарин мунтақидони зиддисаҳюнизму тарафдорӣ аз Фаластин ҳастанд.
Ахиран, ширкати расонаии "Спрингер" алайҳи бархе аз мунтақидони Исроил парвандасозӣ кардааст, аз ҷумла Нами Ал Ҳасан, рӯзноманигори фаластинӣ – олмонӣ, ки саранҷом аз телевизиони миллии Олмон “ZDF”, ихроҷ шуд. Коркунони ин ширкат маҷбуранд эъломияе дар ҳимоят аз Исроил имзо кунанд. Дар яке аз иёлатҳои Олмон, ҳимоят аз Исроил шарти шаҳрвандӣ шудааст ва соири иёлатҳо низ дарсадади иҷрои ҳамин тарҳ ҳастанд, гуӣ, ки тамомии шаҳрвандони Олмон корманди "Спрингер" ҳастанд.
Соли гузашта, рӯзномаи "D-Site", эмейлҳои фошшудаи Mathias Doepfner, мудир омили "Спрингер"-ро мунташир кард, ки дар он, дидгоҳҳои сиёсии ӯро ифшо мекард. Яке аз эмейлҳои ӯ бо ҷумлае дилҳураовару аҷиб ба поён мерасид: «саҳюнизм аз ҳама чиз муҳимтар аст. » Иборате, ки ба хубӣ иҷмоъи сиёсии падид омада дар чанд даҳаи ахири Олмонро тавсиф мекунад.