Феврал 17, 2019 18:38 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати Амрико бо тавсеаи фанноварии ҳастаӣ дар Арабистон

Муовини вазири энержии Амрико эълом кард: Вашингтон ба Арабистон иҷоза нахоҳад дод, фанноварии ҳастаии худро бидуни ироаи тазмин тавсеа диҳад.  

Дан Бровилетте, муовини вазири энержии Амрико гуфт, Вашингтон бо Риёз дар заминаи ҳастаӣ ба шарте ҳамкорӣ мекунад, ки Арабистони Саудӣ ҳаққи ғанисозии ураниюм надошта бошад.

Вай дар ҳошияи Конфронси амниятии Мюнхен афзуд: Арабистон набояд ба силоҳи ҳастаӣ даст ёбад.

Арабистон, яке аз чанд кишваре аст, ки протоколи илҳоқи муоҳидаи манъи густариши таслиҳоти ҳастаиро имзо накардааст.

 

Барчасп