Валиаҳди Арабистон дар Покистон
Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Саудӣ ҳамзамон бо шиорҳои мардуми Покистон зидди оли Сауд, шаби гузашта таҳти тадобири шадиди амниятӣ вориди Исломобод, пойтахти ин кишвар шуд.
Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо аз Исломобод, Муҳаммад бин Салмон қарор аст, дар ин сафари дурӯза бо Умрон Хон, нахуствазир, Ориф Алавӣ, раисҷумҳур, Қамар Ҷовид Боҷво, фармондеҳи нерӯи заминии артиш ва намояндагони маҷлиси Покистон дидор ва тавофуқномаҳое дар заминаи сармоягузорӣ ва ҳамкорӣ бо Покистон дар бахшҳои мухталиф имзо кунад.
Имрӯз, душанбе дар Покистон таътили умумӣ эълом шуда ва тадобири шадиди амниятӣ дар атрофи минтақаи сурхи Исломобод ташдид ва омадурафти ҳамаи афроди ғайримарбут ба минтақаи дипломатӣ ва сурхи Исломобод мамнуъ шудааст.
Бархе аз расонаҳо ҳам аз баста шудани хутути мухобиротӣ ва интернетӣ дар бархе аз манотиқи ҳассоси шаҳри Исломобод хабар додаанд.
Ҳамзамон бо сафари Бин Салмон ба Исломобод, ҳазорон нафар аз мардуми хашмгини Покистон дар эътироз ба сафари валиаҳди Саудӣ, сиёсатҳои таҷовузкоронаи оли Сауд алайҳи миллатҳои мазлуми минтақаро маҳкум карданд.
Муътаризон бо маҳкумияти ҳамдастии бархе аз сарони араб, азҷумла ҳокимони Саудӣ барои таҷовуз ба Сурия ва Яман, азҷумла созиш бо режими саҳюнистӣ алайҳи миллати Фаластин, шиорҳое алайҳи ҳокимони оли Сауд, Амрико ва режими саҳюнистӣ доданд.
Таҷаммуъкунандагон дахолатҳои кишварҳои арабӣ дар умури дохилии Покистонро боиси эҷоди мушкилот барои кишварҳои минтақа, бавижа мусалмонони ҷаҳон дониста ва таъкид карданд, Арабистон ва бархе аз давлатҳои арабӣ талош доранд ба манзури дастёбӣ ба аҳдофи таҳоҷумии худ Покистонро вориди буҳронҳои минтақа, азҷумла ҷанги Яман карда ва аз он суд бибаранд.
Созмонҳо ва шахсиятҳои сиёсӣ ва мазҳабии Покистон ҳам ҷиноёти хонадони оли Сауд дар наслкушии мусалмонони мазлуми Яман, Сурия ва Баҳрайнро маҳкум ва бо сафари Муҳаммад бин Салмон ба Исломобод мухолифат карданд.
Соҳибзода Ҳомидризо, раиси Шӯрои иттиҳоди суннӣ, Пирэъҷоз Аҳмад Ҳошимӣ, раиси ҷамъияти уламо ва Сардор Латифкӯса, аз сарони Ҳизби мардум гуфтанд, Покистон ҳаёти хилвати Арабистон нест ва мардуми ин кишвар ба Риёз иҷоза намедиҳанд дар умури дохилии Покистон дахолат кунад.