Феврал 18, 2019 18:34 Asia/Dushanbe
  • Эътирози иттиҳодияи уламои мусулмон ба ҳампаймонии бархе кишварҳои арабӣ бо саҳюнистҳо

Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусулмон эълом кард: Амнияти ҷаҳони ислом ва минтақа ҳаргиз аз тариқи ҳампаймонӣ бо душмани саҳюнистӣ, ки шиораш аз Нил то Фурот аст, муҳаққақ нахоҳад шуд.

Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусулмон дар баёнияе бо ҳушдор ба паёмадҳои эътилофи бархе кишварҳои арабӣ бо режими саҳюнистӣ ба баҳонаи муқобила бо Эрон таъкид кард: Мақомоти кишварҳои арабӣ барои хушнудии Вашингтон ва Телавив, бо ширкат дар Нишасти Варшава, иқдомоти режими ишғолгар дар Фаластин ва Сурияро тайид ва иқдомоти нерӯҳои муқовиматро маҳкум карданд.  

Иттиҳодияи уламои мусулмон дар ин баёния тасреҳ кард: Мусулмонон дар Нишасти Варшава бо ҳасрат шоҳиди гирдиҳамоии бисёре аз мақомоти кишварҳои арабӣ дар канори нахуствазири режими саҳюнистӣ буданд.  

Варшава, пойтахти Полша 13 ва 14 феврал, мизбони Амрико ва ҳампаймонони ин кишвар буд, то бо мавзуи сулҳ дар Ховари Миёна даври тозае аз фишорҳо алайҳи Эрон ва ба ҳошия рондани мавзуи Фаластинро оғоз кунанд.

Уламои мусулмон дар ин баёния ҳушдор доданд: Дар сурати ҳамла ба Эрон, минтақа гирифтори ошубе вайронгар хоҳад шуд ва танҳо душманон аз ин мавзуъ суд хоҳанд бурд.

 

Барчасп