Боздошти гуяндаи англисизабони клипҳои ДИИШ
Аъзои гурӯҳи курдии мавсум ба нерӯҳои демократии Сурия гуяндаи англисизабони клипҳои ДИИШ-ро боздошт карданд.
Рӯзномаи амрикоии Ню-Йорк Таймз гузориш дод, ки нерӯҳои демократии Сурия соҳиби садои махфии ДИИШ, ки диишиҳо дар забти видеоклипҳои савтӣ ва тасвирии худ аз садои ӯ ба забони англисӣ истифода ва амалиётҳои эъдоми худро низ бо гуяндагии вай мунташир мекарданд, боздошт кардаанд.
Гуяндаи ДИИШ як шаҳрванди канадаӣ ба номи Муҳаммад Халифа аст, ки худро яке аз аносури Вазорати иттилоърасонии ДИИШ муаррифӣ мекунад ва таъкид дорад, ки аз рафторҳояш пушаймон нест.
Дар ҳамин робита шабакаи Си Эн Эн ба нақл аз як мақоми аршади низомии Амрико гузориш дод, ки дар 6 моҳи гузашта беш аз ҳазор диишӣ бо 200 миллион доллар пули нақд аз Сурия ба Ироқ фирор кардаанд.
Ба гуфтаи манобеи огоҳи низомӣ, ҷангҷуёни ДИИШ дар ҳоле ба дунболи фирор аз Сурия ҳастанд, ки охирин пойгоҳи онҳо дар ҷануби шарқии Сурия дар ҳоли бозпасгирӣ аст.
Авоили феврал, Ҷозеф Вутел, фармондеҳи низомии Амрико дар эътилофи зидди ДИИШ гуфта буд, ки 20 то 30 ҳазор нерӯи ДИИШ дар Сурия ва Ироқ боқӣ мондаанд.