Дастгир шудани гурӯҳи тавзеъкунандаи маводи мухаддир дар макотиби Покистон
(last modified Tue, 19 Feb 2019 08:30:47 GMT )
Феврал 19, 2019 13:30 Asia/Dushanbe
  • Дастгир шудани гурӯҳи тавзеъкунандаи маводи мухаддир дар макотиби Покистон

Аъзои гурӯҳи 6-нафарае, ки бо тавзеи маводи мухаддир дар мактабҳо ва марокизи омӯзишӣ ба дунболи муътод кардани донишомӯзон ва ҳамчунин зӯргирӣ аз онҳо буданд, дар шаҳри Карочӣ, маркази иёлати Синди Покистон дастгир шуданд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, бинобар эъломи пулис, муҷримон ҳангоми дастгир шудан 4 кило чарс, 50 баста ҳероин ва 15 телефони мобилӣ ҳамроҳ доштанд. Бо баррасии телефонҳои мобилии аъзои гурӯҳи тавзеъкунандаи маводи мухаддир шумораи телефони бисёре аз донишҷӯён ва донишомӯзон, ки аз муштариёни доимии ин гурӯҳ буданд, мушаххас шуд. Теъдоде аз занон ва духтарҳо низ бо гурӯҳи тавзеъкунандаи маводи мухаддир ҳамкорӣ мекарданд, ки пулис ба дунболи дастгир кардани онҳо аст. Аъзои ин гурӯҳ маводи мухаддирро аз иёлати Балучистон таҳия ва дар мадориси Покистон тавзеъ мекарданд.

Пулиси Покистон ҳушдор дод, волидон дар сурати машкук шудан бояд бо озмоиши эътиёд фарзандони худро аз марг наҷот диҳанд, зеро масрафи маводи мухаддире монанди шиша мумкин аст, зарфи се моҳ мӯҷиб шавад, тараф ҷони худро аз даст бидиҳад.

Чанде пеш раиси Додгоҳи Олии Покистон гуфта буд, бар асари масрафи маводи мухаддир се донишомӯз кушта шуд ва ин мавзӯъ бояд пайгирӣ шавад. Ӯ афзуд, муътод шудани донишомӯзони покистонӣ ва дастрасии онҳо ба маводи мухаддир мавзӯи муҳиме аст, ки бояд пайгирӣ шавад.