Феврал 19, 2019 15:21 Asia/Dushanbe
  • Оғози нахустин иҷлоси коргурӯҳи олии кишварҳои соҳилии баҳри Хазар дар Боку

Нахустин иҷлоси коргурӯҳи олии кишварҳои соҳилии баҳри Хазар бо ҳузури намояндагони панҷ кишвари соҳилии ин баҳр дар Боку оғоз ба кор кард.

Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”, дар ин коргурӯҳи олӣ аъзо дар муддати ду рӯзи ҳузури худ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон дар бораи ниҳоӣ кардани таъйини равишҳои тарсими хати мабдаӣ дар баҳри Хазар баҳс ва табодули назар мекунанд.

Конвенсияи таъйини режими ҳуқуқии баҳри Хазар дар иҷлоси августи соли 2018 бо ҳузури сарони панҷ кишвар, Эрон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Русия, Қазоқистон ва Туркманистон дар шаҳри Оқтоуи Қазоқистон имзо шуд.