Бозгашти беш аз 311 ҳазор паноҳндаи сурӣ аз Туркия
Феврал 19, 2019 13:35 Asia/Dushanbe
Вазири кишвари Туркия аз бозгашти беш аз 311 ҳазор паноҳҷуи сурӣ ба кишвари худ хабар дод.
Сулаймон Соулу гуфт, дар пайи барқарории оромиш ва субот дар Сурия таи ду соли гузашта, 311 ҳазору 968 овораи сурӣ ба кишварашон бозгаштанд.
Вай бо ишора ба инки кишвараш мизбони ҳудуди 4.5 миллион паноҳндаи хориҷӣ аст, афзуд, 3.6 миллион тан аз онҳо таҳти ҳимояти ниҳодҳои байналмилалӣ ҳастанд.