Феврал 19, 2019 18:08 Asia/Dushanbe
  • Тасодуф ва суқути ду ҳавопаймо дар Ҳинд

Ду фарванд ҳавопаймои нерӯи ҳавоии Ҳинд пас аз бархурд бо якдигар суқут карданд.

Дар ин ҳодиса, ки дар наздикии пойгоҳи ҳавоии Яланка дар шаҳри Бангалор дар ҷануби Ҳинд иттифоқ афтод, як халабон кушта ва як нафар маҷрӯҳ шуд ва 2 халабони дигар ҷони солим ба дар бурданд.

Ин ҳавопаймоҳо дар ҳоли иҷрои ҳаракоти намоишӣ пеш аз оғози Намоишгоҳи ҳавоии Ҳинд буданд.

Намоишгоҳи ҳавоии Ҳинд яке аз бузургтарин намоишгоҳҳои дастовардҳо ва технологиҳои ҳавоӣ дар ҷаҳон маҳсуб мешавад.

Ин намоишгоҳ аз 1996 ҳамасола дар Ҳинд баргузор шудааст.

 

Барчасп