Феврал 20, 2019 13:51 Asia/Dushanbe
  • Аввалҳои апрел; хуруҷи низомиёни Амрико аз Сурия

Мушовири нахуствазири Ироқ аз хуруҷи низомиёни амрикоии мустақар дар Сурия дар аввалҳои моҳи апрели 2019 аз тариқи хоки Ироқ хабар дод.

Абдулкарим Мустафо мушовири нахуствазири Ироқ рӯзи сешанбе дар гуфтугӯ бо хабаргузории Спутники Русия бо ишора ба тавофуқи Бағдод ва Вашингтон дар бораи хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз Сурия гуфт: низомиёни амрикоӣ баъд аз поёни амалиёт дар шарқи рӯдхонаи Фурот аз тариқи хоки Ироқ аз Сурия хориҷ хоҳанд шуд.

Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико 19 декабр дар иқдоме аз пеш эълом нашуда аз зарурати хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз хоки Сурия ба далели поёни кори ДИИШ дар ин кишвар хабар дод.

Аз замони эъломи ин тасмими Амрико, шуморе аз неруҳои ин кишвар дар шимоли Ироқ мустақар шуданд, ки эътироз ва вокуниши ироқиҳоро дар пай доштааст.

Ҳизбҳои сиёсӣ ва эътилофҳои ироқӣ ҳузури низомиёни амрикоӣ дар хоки худро баъд аз поёни хилофати худхондаи ДИИШ, ғайриқонунӣ медонанд ва барои тасвиби қонунӣ дар ин замина дар парлумони ин кишвар талош мекунанд.

 

Барчасп