Рӯнамоии китоби адабиёти форсӣ дар Маскав
Ҷилди нахусти китоби «Таърихи адабиёти форсии қарни нуҳум то ҳаждаҳуми мелодӣ» дар китобфурӯшии «Библоглобус» - и Маскав бо ҳузури алоқамандон муаррифӣ ва рӯнамоӣ шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз Хабаргузории садо ва симо, ҷилди нахусти китоби «Таърихи адабиёти форсии қарн нуҳум то ҳаждаҳуми мелодӣ» дар китобфурӯши «Библоглобус» - и Маскав бо ҳузури алоқамандон муаррифӣ ва рӯнамоӣ шуд.
Ин китоб нахустин ҷилд аз маҷмӯаи таърихи адабиёти форсӣ ва асари муштараки Марина Рейснер ва Анна Ардашникова аст.
Ин китоб бо ҳимояти бунёди мутолеоти исломии Ибни Сино ва мушорикати Ройзании фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Маскав, «Мирбизнесбанк» -и Маскав ва Иттиҳоди фарҳангӣ- адабии Хайём тавассути интишороти «Садро» чоп ва мунташир шудааст.