Феврал 20, 2019 19:18 Asia/Dushanbe
  • Камбуди дору ва имконоти пизишкӣ, иллати марги кӯдакон дар Афғонистон

Манобеи бемористонии Афғонистон аз марги садҳо кӯдак дар Афғонистон дар паи камбуд ва набуди дору ва имконоти пизишкӣ дар бемористонҳои ин кишвар хабар додаанд.

Нурулҳақ Юсуфзай, раиси бемористони Индира Гандии шаҳри Кобул гуфт, дар як моҳи гузашта 137 кӯдак дар ин бемористон ба иллати камбуд ва набуди дору ва имконоти пизишкӣ ҷон бохтанд.

Вай бо ишора ба издиҳоми беморон дар бемористони Индира Гандӣ афзуд, ин бемористон зарфияти беморонро надорад.