Камбуди дору ва имконоти пизишкӣ, иллати марги кӯдакон дар Афғонистон
Феврал 20, 2019 19:18 Asia/Dushanbe
Манобеи бемористонии Афғонистон аз марги садҳо кӯдак дар Афғонистон дар паи камбуд ва набуди дору ва имконоти пизишкӣ дар бемористонҳои ин кишвар хабар додаанд.
Нурулҳақ Юсуфзай, раиси бемористони Индира Гандии шаҳри Кобул гуфт, дар як моҳи гузашта 137 кӯдак дар ин бемористон ба иллати камбуд ва набуди дору ва имконоти пизишкӣ ҷон бохтанд.
Вай бо ишора ба издиҳоми беморон дар бемористони Индира Гандӣ афзуд, ин бемористон зарфияти беморонро надорад.