Як мусулмони амрикоӣ мудири интихоботии Берни Сандерс шуд
Сенатор Берни Сандерс, номзади интихоботи раёсатҷумҳурии 2020 Амрико, Файз Шокир, аз чеҳраҳои мусулмонро барои мудирияти корзори интихоботии худ интихоб кард.
Сандерс, сенатори мустақили иёлоти Вермонт бо истихдоми Шокир, яке аз фаъолтарин чеҳраҳои ҳизби демократ, ки иртиботи хубе бо баданаи коршиносӣ ва андешкадаҳои ҳизби демократ дорад, вориди муборизоти интихоботӣ шудааст.
Шокир аз Иттиҳодияи озодиҳои мадании Амрико, ки дар онҷо аз авоили 2017 токунун мудири бахши сиёсати миллӣ будааст, ба тими амалиётии Сандерс мепайвандад.
Шокири 39 сола пеш аз пайвастан ба ин иттиҳодия, мушовири аршади Гарри Рейд, раиси вақти аксарияти демократи Маҷлиси Сенат ва пеш аз он низ бо Нанси Пелоси, раҳбари демократи маҷлиси намояндагон кор кардааст.