Феврал 21, 2019 13:17 Asia/Dushanbe
  • Оғози марҳалаи ҷадиди ҳамкории кишварҳои ҳошияи Хазар

Сарпарасти ҳайъати ҷумҳурии Озарбойҷон дар нахустин Нишасти коргурӯҳи олии кишварҳои соҳилии дарёи Хазар дар Баку гуфт: Пас аз имзои Конвенсияи режими ҳуқуқии дарёи Хазар марҳалаи ҷадиди ҳамкории кишварҳои ҳошияи ин дарё оғоз шудааст.   

Халаф Халафов асри чаҳоршанбе дар поёни нахустин Нишасти дурӯзаи коргурӯҳи олии кишварҳои ҳошияи Хазар дар Баку афзуд, дар марҳалаи ҷадид мавозеи кишварҳои ҳошия дарёи Хазар наздиктар буда ва ҳамкориҳои байни ин кишварҳо густариш ёфтааст.

Сарпарасти ҳайъати ҷумҳурии Озарбойҷон дар нахустин Нишасти коргурӯҳи олии кишварҳои соҳилии дарёи Хазар бо ишора ба инки барои ҳалли ҳамаи масоили марбут ба дарёи Хазар шароит бисёр муносиб аст гуфт, итминон дорад, кишварҳои ҳошияи дарёи Хазар дар музокироти отӣ дар бораи равиши таъини хати мабдаъ дар дарёи Хазар ба унвони яке аз меҳварҳои умдаи мавриди музокира ба тавофуқ бирасанд.

Вай афзуд, таъини минтақаи моҳигирӣ ва сатҳи оби муштарак ва иҷрои самарабахши фаъолиятҳои дигар дар дарёи Хазар бастагӣ ба мушаххас кардани маҳдудаи обҳои сарзаминии кишварҳои соҳилӣ дорад.  

Конвенсияи таъини режими ҳуқуқии дарёи Хазар дар Иҷлоси августи 2018 бо ҳузури сарони панҷ кишвари Эрон, Озарбойҷон, Русия, Қазоқистон ва Туркманистон, дар шаҳри Актауи Қазоқистон имзо шуд.

 

Барчасп