Феврал 21, 2019 13:32 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори бесобиқаи Путин ба Амрико

Равобити Русия ва Амрико бо рӯйи кор омадани Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар январи соли 2017 бо вахомати рӯзафзуне ҳамроҳ будааст.

Фишорҳои Амрико дар абъоди мухталифи сиёсӣ, иқтисодӣ ва низомӣ алайҳи Русия эъмол мешавад. Яке аз ҷанбаҳои он талоши Амрико барои тақобул бо Русия ва касби бартарии низомӣ бар он аст.

Дар ин росто, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар 20 октябри соли 2018 эълом кард, ки Амрико аз Паймони нерӯҳои ҳастаии миёнбурд (INF) хориҷ хоҳад шуд. Баҳонаи аслии Амрико барои хуруҷ аз ин паймони роҳбурдӣ ва бисёр муҳим - нақзи муҳтавои он тавассути Русия будааст. Пас аз он Майк Пампео, вазири умури хориҷаи ИМА эълом кард, ки Амрико аз 2 феврали 2019 иҷрои паймони INF - ро ба муддати 180 рӯз ба ҳолати таълиқ дармеоварад ва дар сурати адами иҷрои тааҳҳудоти мадди назар дар ин паймон аз сӯйи Русия, аз ин паймон ба таври комил хориҷ хоҳад шуд. Русия низ дар вокуниш ба ин иқдоми Амрико, иқдом ба таълиқи иҷрои ин паймон кард.

Дар охирин таҳаввул дар ин замина Владимир Путин, раисҷумҳури Русия рӯзи чаҳоршанбе дар суханронии умумӣ дар Маҷлиси федерали ин кишвар ҳушдори бесобиқае ба Амрико дод. Путин таъкид кард, силоҳҳои Русия на танҳо кишварҳоеро ҳадаф қарор хоҳад дод, ки мушакҳои бурди кӯтоҳ ва миёнаи амрикоӣ дар он ҷо мустақар мешаванд, балки дар сурати таҳдид алайҳи амнияти кишвар, хоки худи Амрико низ ҳадаф қарор хоҳад гирифт. Вай ҳамчунин ҳушдор дод, дар сурати истиқрори ин навъ мушакҳои амрикоӣ дар кишварҳои аврупоӣ, Русия ба ин иқдом посухи мутақорин (ҳамзамон) ва ғайримутақорин нишон хоҳад дод.

Ин таҳдиди болотарин мақоми иҷроии Русия нишонаи ҷиддияти Маскав дар бархурд бо таҳдидоти рӯзафзуни амниятии Вашингтон алайҳи Русия аст. Раисҷумҳури Русия бо ишора ба хуруҷи Амрико аз Паймони нерӯҳои ҳастаии миёнбурд таъкид кард, ки Амрико замоне талош мекард бо барномаҳои мушакӣ бар ҷаҳон мусаллат шавад, аммо акнун бояд аз чунин барномаҳое даст бардорад. Бо хуруҷи Амрико аз ин паймон, на фақат тавсеа ва истиқрори мушакҳои баллистик ва крузи заминпояи кӯтоҳбурд ва миёнбурд бори дигар аз сар гирифта хоҳад шуд, балки метавон пешбинӣ кард, ки Вашингтон ин таслиҳотро бори дигар дар Аврупо мустақар хоҳад кард, ки ин иқдом ба таври ҳатмӣ вокуниши муқобили Русияро ҳамон гуна, ки Путин низ дар изҳороти ахири худ ба он ишора кардааст, ба дунбол хоҳад дошт.

Маскав муътақид аст, ки Амрико бо хуруҷ аз паймони INF зарбаи сахте ба кулли низоми контроли таслиҳотӣ ворид кардааст. Ин иқдом паёмадҳои бисёр сангин ва густурдае барои амнияти байналмилалӣ, амнияти роҳбурдӣ ва дар марҳалаи нахуст амнияти Аврупо хоҳад дошт. Ин чашмандоз нигаронии шадиди аврупоиҳоро ба дунбол доштааст. Дар воқеъ қораи Аврупо ба ин тартиб ба саҳнаи рӯёрӯии мушакӣ ва ҳастаии Амрико ва Русия табдил хоҳад шуд.

Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия дар авоили феврали 2019 ҳушдор дод, эъломи хуруҷи Амрико аз паймони INF, мавзӯи халъи силоҳи ҳастаии ҷаҳонро душвор ва печида мекунад.

Албатта Амрико дар заминаи эъмоли фишор ва таҳдиди Русия танҳо нест ва созмони НАТО низ рӯйкарде мушобеҳ дорад ва ҳамонанди Вашингтон, Русияро омили нақзи паймони INF қаламдод мекунад. Дар айни ҳол ҳушдори Путин, ки на фақат Вашингтон, балки аврупоиҳоро низ мухотаб қарор додааст, бо вокуниши шадиди НАТО мувоҷеҳ шудааст. НАТО рӯзи чаҳоршанбеи 20 феврал бо интишори баёнияе дар вокуниш ба суханони Путин, он чиро, ки таҳдиди кишварҳои ғарбӣ хонда шуд, ғайриқобили қабул баршумурд.

Идомаи рӯёрӯии Русия ва Амрико дар арсаи паймонҳои таслиҳотӣ ба маънои бурузи бесуботӣ ва ноамнӣ дар арсаи байналмилалӣ дар сатҳи бесобиқа дар давраи пасоҷанги сард аст.

 

Барчасп