Феврал 21, 2019 14:20 Asia/Dushanbe
  • Таваллуди садҳо ҳазор кӯдаки сурӣ дар Туркия

Вазири кишвари Туркия аз таваллуди 405 ҳазор кӯдаки сурӣ дар он кишвар хабар дод.

Соломон Соулло бо ишора ба инки барои беш аз 900 ҳазор сурӣ низ иқомати Туркия гирифта шудааст, афзуд: Дар ҳоли ҳозир беш аз 3 миллиону 644 ҳазор паноҳҷуи сурӣ дар Туркия ҳузур доранд.  

Ӯ таъкид кард: Аз ин теъдод беш аз 300 ҳазор нафар ба кишварашон бозгаштаанд.

Вай ҳамчунин гуфт: Танҳо дар 5 ҳафтаи нахусти соли ҷадид 16500 паноҳҷуи сурӣ ба Туркия омадаанд.