Имзои асноди ҳамкорӣ байни Афғонистон ва Туркманистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i41889-Имзои_асноди_ҳамкорӣ_байни_Афғонистон_ва_Туркманистон
Дар ҳошияи сафари раисиҷумҳури Афғонистон ба Туркманистон, 9 санади ҳамкорӣ дар заминаҳои мухталиф байни ду кишвар ба имзо расид.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 21, 2019 13:10 Asia/Dushanbe
  • Имзои асноди ҳамкорӣ байни Афғонистон ва Туркманистон

Дар ҳошияи сафари раисиҷумҳури Афғонистон ба Туркманистон, 9 санади ҳамкорӣ дар заминаҳои мухталиф байни ду кишвар ба имзо расид.

Ба гузориши Форс, бо ҳузури Ашраф Ғанӣ ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, 9 тавофуқнома дар заминаҳои мухталифи фарҳангӣ, энержӣ ва тиҷорат ба имзои мақомоти аршади ду кишвар расид.

Раисони ҷумҳурии Афғонистон ва Туркманистон пас аз имзои ин аснод, ҳамчунин дар бораи масоили муҳимми минтақа ва дуҷониба баҳсу табодул назар карданд.

Бердимуҳаммадов ва Ғанӣ дар ин дидор ҳамчунин бар густариш ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаҳои мухталиф, аз ҷумла мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ таъкид карданд.

Раисиҷумҳури Афғонистон рӯзи гузашта дар садри ҳайати олирутба вориди Ашқобод (пойтахти Туркманистон) шуд.