Марги 50 ҳиндӣ бар асари масрафи машруботи спиртии тақаллубӣ
Феврал 23, 2019 06:58 Asia/Dushanbe
50 ҳиндии дигар бар асари масрафи машруботи спиртии тақаллубӣ дар иёлати Ассам, дар шимоли шарқи Ҳинд мурданд.
Ба гузориши бомдоди шанбеи ИРНА, масъулони маҳаллии Ҳинд эълом карданд, нерӯҳои полиси ин кишвар панҷ нафарро дар ин робита дар ду минтақаи Голақат ва Ҷурҳат, дар иёлати Ассам боздошт карданд.
Авоили феврал низ дастикам 104 нафар бар асари масрафи машруботи спиртии тақаллубӣ дар ду иёлати Уттар Прадеш ва Уттарханди Ҳинд ҷони худро аз даст додаанд.
Бархе аз мақомоти ҳиндӣ мамнуияти масрафи машруботи спирти дар саросари ин кишварро хостор шудаанд.
Барчасп