Таъкиди Владимир Путин бар афзоиши тавонмандии низомии Русия
Раисҷумҳури Русия дар идомаи хатту нишон барои Амрико бар афзоиши тавонмандии низомии Русия таъкид кард.
Ба гузориши ИРНА, Владимир Путин рӯзи ҷумъа дар маросиме дар кохи Кремл ба муносибати рӯзи мудофеини меҳан дар ҷамъи персонали низомӣ ва ғайринизомии нерӯи мусаллаҳи Русия зимни таъкид бар пешрафти низомии ин кишвар гуфт, таслиҳоти русӣ беназир ҳастанд ва ҷаҳон то муддатҳо наметавонад ба дониши онҳо даст пайдо кунад.
Раисҷумҳури Русия афзуд, дастовардҳои низомии ин кишвар поя ва асос барои тавсеа ва пешрафти артиш ва новгони Русия барои даҳҳо соли ояндаро фароҳам карда ва ин ба маънӣ таъмини амният ва сулҳ барои русҳо аст.
Путин бо баёни ин ки русҳо мардумони сулҳдӯст ҳастанд, изҳор дошт, Русия ба дунболи сиёсати хориҷии масъулона аст ва саъй дорад суботи байналмилалиро ҳифз кунад.
Рӯзи шанбеи 23 феврал рӯзи мудофеони меҳан дар Русия аст, ки аз ҷумлаи таътилоти расмии ин кишвар маҳсуб мешавад.