Шикояти Афғонистон аз Покистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i41949-Шикояти_Афғонистон_аз_Покистон
Давлати Афғонистон ба далели ончи нақзи ҳокимияти ин кишвар аз сӯи Покистон эълом шуд, аз Исломобод ба Шӯрои амнияти Созмони милал барои бори дувум шикоят кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Феврал 24, 2019 11:15 Asia/Dushanbe
  • Шикояти Афғонистон аз Покистон

Давлати Афғонистон ба далели ончи нақзи ҳокимияти ин кишвар аз сӯи Покистон эълом шуд, аз Исломобод ба Шӯрои амнияти Созмони милал барои бори дувум шикоят кард.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммад Ҳорун Чахонсурӣ сухангӯи раиси ҷумҳурии Афғонистон рӯзи шанбе гуфт: Покистон аз соли 2012 то кунун борҳо ҳокимият ва тамомияти арзии Афғонистонро нақз карда ва вилоятҳои Кунар ва Нангарҳорро ҳадафи ҳамалаҳои ракетӣ қарор додааст.

Чахонсурӣ афзуд: Афғонистон борҳо аз давлати Исломобод таваққуфи ин ҳамалотро хостор шуда, аммо ба хотири идомаи ин ҳамалот ба Шӯрои амнияти Созмони милал шикоят кардааст.

Давлати Афғонистон эълом кард: Аз соли 2012 то 2017 беш аз 28 ҳазору 800 ракета ва хумпора аз хоки Покистон ба хоки Афғонистон партоб шудааст, ки дар натиҷаи он беш аз 80 нафар кушта ва беш аз 180 тани дигар захмӣ шудаанд.