Феврал 25, 2019 13:09 Asia/Dushanbe
  • СММ: Соли 2018 маргбортарин сол барои ғайринизомиёни афғон буд

Соли 2018 дар як даҳаи гузашта хунинтарин сол барои ғайринизомиёни афғон буд.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, дафтари намояндагии Созмони Милал дар Афғонистон дар гузорише эълом кард, дар соли 2018 беш аз 3 ҳазору 800 ғайринизомӣ дар Афғонистон кушта ва беш аз 7 ҳазор тани дигар низ захмӣ шуданд.  Дар ин гузориш омадааст, ин идда аз ғайринизомиёни афғон дар ҳамалоти ҳавоии низомиёни амрикоӣ, гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифи давлат ва нерӯҳои давлатии ин кишвар кушта ва захмӣ шудаанд.