Тавофуқи Русия ва Амрико дар бораи Афғонистон
(last modified 2019-02-26T09:44:49+00:00 )
Феврал 26, 2019 14:44 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи Русия ва Амрико дар бораи Афғонистон

Намояндаи раисиҷумҳури Русия дар умури Афғонистон эълом кард, Маскав ва Вашингтон дар бораи созу кори ягонаи ҳалу фасли масъалаи Афғонистон ба тавофуқ даст ёфтаанд.

Замир Кабулов рӯзи душанбе дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизионии “Русия 24” гуфт: Русия ва Амрико дар музокироти худ тавофуқ карданд, ки масоили Афғонистон бояд тавассути афғонҳо ҳалу  фасл шавад ва Маскав ва Вашингтон аз ин раванд ҳимоят кунанд.

Вай афзуд, Маскав ва Вашингтон тавофуқ кардаанд ба тарафҳои афғоне, ки фақат шомили давлат намешванд ва Толибон ҳам бахше аз он аст, фурсат бидиҳанд то ба роҳкори қобили қабуле даст ёбанд.

Кабулов гуфт: Бояд ба миллати Афғонистон ин шонс дод то ба сулҳу оромиш дар ин кишвар даст пайдо кунанд ва сарнавишти кишвари худро дар даст бигиранд.

Намояндаи раисиҷумҳури Русия дар умури Афғонистон бо ибрози умедворӣ аз инки соли 2019 дар ҳалли масъалаи Афғонистон ҷаҳиши чашмгир сурат бигирад, афзуд, афғонҳо ба таври ҷиддӣ ба фикри таъйини сарнавишти худ ҳастанд, ҳамаи ин авомил аз ҷумла музокироти афғонҳо дар Маскав, шароит барои ҷаҳиш дар ҳалли масъалаи Афғонистон дар соли ҷориро фароҳам кардааст.

 

Барчасп