Расвоии ҷинсии дигар барои Трамп
Феврал 26, 2019 19:34 Asia/Dushanbe
Як зани сиёҳпуст аз коркунони собиқи ситоди интихоботии раисҷумҳури Амрико бо танзими шикояте, вайро ба озори ҷинсиаш дар соли 2016 муттаҳам кард.
Алва Ҷонсон, раиси ситоди интихоботии Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар иёлоти Алабама дар ин шикоятнома эълом карда, ки Трамп дар августи 2016 ӯро мавриди озори ҷинсӣ қарор додааст.
Тибқи матни ин шикоятнома, Ҷонсон ба далели рафтори ғайриахлоқии Трамп бо мушкилоти зиёде аз ҷумла осебҳои равоншинохтӣ шомили таҳқир ва ихтилоли эҳсосӣ мувоҷеҳ шудааст.
Ҷонсон ин шикоятномаро рӯзи душанбе дар додгоҳи Флорида танзим кард ва барои ин иқдоми нописанди Трамп дарёфти хисоратро хостор шуд.
Барчасп