Феврал 27, 2019 15:19 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши танишҳо дар нимҷазира: Ҳинд ҷангандаи покистониро сарнагун кард

Расонаҳои Ҳинд аз сарнагунии як ҷангандаи F-16 Нерӯи ҳавоии артиши Покистон аз тарафи артиши Ҳинд хабар доданд.

Ба гузориши ИРНА, пойгоҳи хабарии “Таймс оф Индия” ба нақл аз мақомоти ҳиндӣ эълом кард, ҷангандаҳои покистонӣ субҳи имрӯз (чаҳоршанбе) ҳарими ҳавоии Ҳинд дар манотиқи мухталиф дар Ҷому ва Кашмирро нақз карданд, ки бар асари он яке аз ин ҷангандаҳо аз тарафи артиши Ҳинд сарнагун шуд.

Давлати Ҳинд дар пайи ин рӯйдод тамоми парвозҳои ғайринизомиро дар Ҷому ва Кашмир мамнуъ кард ва 4 фурудгоҳ дар шимоли Ҳиндро низ баст.

Покистон ҳам парвозҳои дохилӣ ва хориҷиро дар шаҳрҳои Лоҳур, Исломобод ва Сиёлкут мутаваққиф кардааст.

Бо афзоиши танишҳо байни Ҳинд ва Покистон, Раҷнат Синг, вазири дохилии Ҳинд нишасти изтирорӣ бо мақомоти амниятӣ ва сиёсии ин кишвар ташкил додааст.

Сарнагунии ҷангандаи артиши Покистон аз тарафи артиши Ҳинд дар ҳоле аст, ки нерӯҳои ҳавоии артиши Покистон ҳам субҳи имрӯз ду ҷангандаи артиши Ҳиндро, ки вориди ҳарими ҳавоии он кишвар шуда буданд, сарнагун кард.

Дар ҳамлаи дирӯз (сешанбе) –и ҷангандаҳои артиши Ҳинд алайҳи пойгоҳи гурӯҳҳои террористии Ҷайши Муҳаммад ва Лашкари Тайиба, дар шимоли ғарби Покистон ҳудуд 300 нафар кушта шудаанд.

 

Барчасп