Пешниҳоди сулҳи нахуствазири Покистон ба Ҳинд
https://parstoday.ir/tg/news/world-i42054-Пешниҳоди_сулҳи_нахуствазири_Покистон_ба_Ҳинд
Нахуствазири Покистон бори дигар ба Ҳинд пешниҳоди сулҳ дод.  
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Феврал 27, 2019 19:18 Asia/Dushanbe
  • Пешниҳоди сулҳи нахуствазири Покистон ба Ҳинд

Нахуствазири Покистон бори дигар ба Ҳинд пешниҳоди сулҳ дод.  

Имронхон дар як конфронси хабарӣ бо ишора ба инки иқдоми имрӯзи артиши Покистон барои ҷалби эътимоди мардум дар заминаи дифоъ аз кишвар буд, гуфт: Исломобод хост собит кунад, ки қодир ба дифоъ аз худ ҳаст.

Нахуствазири Покистон бо таъкид бар инки ҳануз барои оташбас дер нест, афзуд: Исломобод баъд аз кушта шудани 44 низомии ҳиндӣ дар Кашмири таҳти контроли ин кишвар, ба Деҳлии Нав пешниҳод кард, ки дар ин замина таҳқиқ шавад, аммо ин кишвар бо иқдоми аҷулона ҷангро интихоб кард.