Таъкиди Чин бар хештандории Ҳинд ва Покистон
Феврал 27, 2019 21:44 Asia/Dushanbe
Сухангуи Вазорати хориҷаи Чин бар хештандории Ҳинд ва Покистон дар муноқишаи ахири байни ду кишвар таъкид кард.
Ле Конг дар нишасте хабарӣ дар Пекин гуфт: Пекин дархости худ аз Ҳинд ва Покистонро мабнӣ бар хештандорӣ ва ҳалли муноқиша аз тариқи гуфтугӯро такрор мекунад.
Сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон низ кишварҳои Ҳинд ва Покистонро ба хештандорӣ ва талош барои коҳиши таниш ва ҳалли мусоламатомез фаро хонд.