Феврал 28, 2019 13:30 Asia/Dushanbe
  • Дархости Ҳинд аз Покистон барои таҳвили халабони худ

Вазорати хориҷаи Ҳинд , хоҳони таҳвили халабони худ аз сӯи давлати Покистон шуд.

Вазорати хориҷаи Ҳинд имрӯз бо эҳзори кордори Покистон дар Деҳлии Нав ва эътироз ба нақзи ҳарими ҳавоии ин кишвар тавассути нерӯи ҳавоии Покистон, хоҳони таҳвили халабони асири худ аз сӯи Исломобод шуд.

Вазорати хориҷаи Ҳинд дар баёнияе ба пахши тасовири халабони маҷрӯҳи ҳиндӣ ба Покистон эътироз кард ва гуфт, ки пахши ин тасовир ноқизи қавонини байналмилалии ҳуқуқи башар аст.