Дархости Ҳинд аз Покистон барои таҳвили халабони худ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i42075-Дархости_Ҳинд_аз_Покистон_барои_таҳвили_халабони_худ
Вазорати хориҷаи Ҳинд , хоҳони таҳвили халабони худ аз сӯи давлати Покистон шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 28, 2019 10:00 Asia/Dushanbe
  • Дархости Ҳинд аз Покистон барои таҳвили халабони худ

Вазорати хориҷаи Ҳинд , хоҳони таҳвили халабони худ аз сӯи давлати Покистон шуд.

Вазорати хориҷаи Ҳинд имрӯз бо эҳзори кордори Покистон дар Деҳлии Нав ва эътироз ба нақзи ҳарими ҳавоии ин кишвар тавассути нерӯи ҳавоии Покистон, хоҳони таҳвили халабони асири худ аз сӯи Исломобод шуд.

Вазорати хориҷаи Ҳинд дар баёнияе ба пахши тасовири халабони маҷрӯҳи ҳиндӣ ба Покистон эътироз кард ва гуфт, ки пахши ин тасовир ноқизи қавонини байналмилалии ҳуқуқи башар аст.