Феврал 28, 2019 18:38 Asia/Dushanbe
  • Даргирии низомиёни ҳиндӣ ва покистонӣ дар хатти контроли Кашмир

Расонаҳо аз даргирӣ байни низомиёни Ҳинд ва Покистон дар хатти контроли Кашмир хабар доданд.

Манобеи дифоии Ҳинд имрӯз эълом карданд, бо гузашти ду рӯз аз ҳамлаи ҳавоии артиши Ҳинд ба мақари гурӯҳҳои террористӣ дар хоки Покистон ва ҳамчунин суқути ду ҷангандаи ҳиндӣ тавассути Покистон, танишҳои ду кишвар ташдид шуд ва авзоъ дар марзҳои заминии ин ду кишвари ҳамсоя дар хатти контроли Кашмир низ муташанниҷ шудааст.

Бар асоси ин гузориш, дар ҷадидтарин даргириҳои марзӣ байни Покистон ва Ҳинд дар хатти контрол Кашмир, ду тараф иқдом ба табодули оташи сангин карданд ва табодули оташ низ идома дорад.

Тирандозии марзбонони ҳиндӣ ва покистонӣ ба хоки якдигар ва ҳадаф қарор додани манотиқи маскунӣ, мардумро маҷбӯр ба тарки манзилашон кард ва мардум ба ҷойи амн паноҳ бурданд ва мадорис таътил шуд.

Дар ҳамин ҳол эълом шуд, сокинони минтақаи Кашмири таҳти контроли Ҳинд имрӯз (панҷшанбе) дар эътироз ба куштори кашмириҳо ва дастгирии сарони конфронси Ҳуррият дар ҳамлаи саркӯбгаронаи неруҳои амниятии Ҳинд эътисоб карданд.

Ба гузориши канали радио ва телевизиони Урду Саҳар, дар пайи ин эътисоб тамомии мағозаҳо ва марокизи тиҷорӣ, бозор ва ҳамчунин марокизи омӯзишӣ ва мадориси Кашмир таътил шуд ва эътисоб дар Кашмири таҳти контроли Ҳинд, зиндагии мардуми ин минтақаро мухтал кард.

Дирӯз низ Кашмири таҳти контроли Ҳинд шоҳиди эътисоби умумӣ буд.

Саид Алишоҳ Гилонӣ, Муҳаммадёсин Малик ва Мир Воиз Умар Форуқ аз сарони конфронси Ҳуррияти Кашмир зимни эъломи эътисоб иумумӣ таъкид карданд, давлати Ҳинд аз тариқи эъмоли фишор ва зур мехоҳад мардуми Кашмирро саркӯб кунад, аммо ҳаргиз муваффақ нахоҳад шуд.