Истиқболи Покистон аз пешниҳоди миёнҷигарии Русия байни Деҳлии Нав ва Исломобод
https://parstoday.ir/tg/news/world-i42102-Истиқболи_Покистон_аз_пешниҳоди_миёнҷигарии_Русия_байни_Деҳлии_Нав_ва_Исломобод
Вазири хориҷаи Покистон гуфт, аз пешниҳоди Русия барои миёнҷигарӣ миёни Деҳлии Нав ва Исломобод истиқбол мекунад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 01, 2019 20:48 Asia/Dushanbe
  • Истиқболи Покистон аз пешниҳоди миёнҷигарии Русия байни Деҳлии Нав ва Исломобод

Вазири хориҷаи Покистон гуфт, аз пешниҳоди Русия барои миёнҷигарӣ миёни Деҳлии Нав ва Исломобод истиқбол мекунад.

Ба гузориши рӯзи ҷумъаи ИТАРТАСС, Шоҳмаҳмуди Қурайшӣ бо ишора ба пешниҳоди Сергей Лавров вазири хориҷаи Русия барои миёнҷигарии Маскав миёни Деҳлии Нав ва Исломобод дар чорчуби дастёбӣ ба роҳи ҳали муносиб барои ҳалли муноқишаи дуҷониба афзуд, Покистон ҳозир аст барои коҳиши танишҳо пойи мизи музокирот ҳозир шавад.

Саргей Лавров вазири хорҷаи Русияи рӯзи сешанбе эълом кард, Русия омодааст агар Покистон ва Ҳинд тамоюл дошта бошанд, мизбони гуфтугӯҳои ду кишвар барои ҳалли муноқишаи дуҷониба бошад.

Ҳамлаи 14 феврали 2019 гурӯҳи террористии мавсум ба “Ҷайши Муҳаммад” ба неруҳои ҳиндӣ дар минтақаи Кашмири Ҳинд ва кушта шудани дасти кам 44 тан аз онҳо, ба таниши думболадори байни ду кишвари Ҳинд ва Покистон табдил шуд.

Ба дунболи ин ҳамла даргирии маҳдуди заминӣ ва ҳавоии ду кишвар дар рӯзҳои сешанбе ва чаҳоршанбе аз сар гирифта шуд, ки ҳамакнун фурӯкаш кардааст.