Март 03, 2019 14:01 Asia/Dushanbe
  • Азсаргирии ҳаракати қаторҳо байни Ҳинд ва Покистон аз фардо

Раиси ширкати роҳи оҳани Покистон аз оғозбакори муҷаддади фаъолияти қатори мусофирбарӣ байни ин кишвар ва Ҳинд хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Анатоли, Шайх Рашид гуфт: Қатори мусофирии Покистон - Ҳинд, ки панҷшанбеи гузашта дар пайи ташдиди таниши миёни ду кишвар мутаваққиф шуда буд, аз рӯзи душанбе фаъолияти худро аз сар хоҳад гирифт.

Дар пайи афзоиши таниш байни Ҳинд ва Покистон, Исломобод ҳафтаи гузашта ҳарими ҳавоии худро баст ва фаъолияти қатори мусофирӣ байни ин кишвар ва Ҳиндро низ мутаваққиф кард.

 

Барчасп