Март 03, 2019 19:28 Asia/Dushanbe
  • Амрико қодир ба шикасти Эрон дар ҷанги иқтисодӣ нест

Ноиби раиси Бунёди ҳамкориҳои Амрико ва Чин таъкид кард, Амрико қодир ба шикасти Эрон дар ҷанги иқтисодӣ нест.

Ҷон Миллиаган Вайт рӯзи якшанбе дар гуфтугӯ бо ИРНА бо ишора ба таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон гуфт, Вашингтон ҳаргиз нахоҳад тавонист дар набарди иқтисодӣ бо Теҳрон пирӯз шавад, зеро Эрон дорои зарфиятҳо ва тавонмандиҳои зиёде барои муқобилаи иқтисодӣ бо Амрикост. Ӯ афзуд, фишорҳои Амрико бар Эрон пойдор ва натиҷабахш нахоҳад буд, зеро Эрон кишвари бисёр қудратманд ва бо тамаддуне ба маротиб қадимитар аз Амрикост. Вай тасреҳ кард, Чин ба равобити тиҷории худ бо Эрон ва кишварҳои дигар идома медиҳад ва Пекин ҳаргиз бо сиёсату роҳбурдҳои Амрико, ки Ховари Миёнаро ба таниш мекашонад, мувофиқат нахоҳад кард.

Ноиби раиси Бунёди ҳамкориҳои Амрико ва Чин Эронро кишвари бисёр муҳим дар Ховари Миёна донист, ки қодир аст, аз манофеи миллии худ дифоъ кунад.