Март 04, 2019 13:17 Asia/Dushanbe
  • Сухангӯи артиши Покистон: Чорае ҷуз посух надорем

Сухангӯи артиши Покистон эълом кард, бо вуҷуди тамоми талошҳо барои оташбас, нерӯҳои ҳиндӣ манотиқи марзиро ҳадаф қарор медиҳанд ва чорае ҷуз посухи мутақобил надорем.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Осиф Ғафур, сухангӯи артиши Покистон эълом кард, бо вуҷуди тамоми талошҳо барои оташбас, нерӯҳои ҳиндӣ манотиқи марзиро ҳадаф қарор медиҳанд ва чорае ҷуз посухи мутақобил надорем.

Вай афзуд, бо ин ки баъд аз 2-уми март тирандозии беҳадафи марзбонони ҳиндӣ коҳиш ёфта буд, аммо аз 24 соати гузашта оташбории сарбозони Ҳинд алайҳи Покистон бо шиддати бештаре идома пайдо кардааст.

Ғафур таъкид кард, оташбории нерӯҳои Ҳинд ҳеҷ осебе ба таъсисоти низомии Покистон ворид накард ва фақат чанд хонаи маскунӣ тахриб шуд.

Покистон ва Ҳинд се бор бо якдигар ҷангидаанд ва агар ин раванд идома дошта бошад ва нерӯҳои заминӣ ба ҷои ҳадаф қарор додани мавозеи якдигар пешравии заминиро оғоз кунанд, ду кишвар бори дигар вориди ҷанги тамомаёр хоҳанд шуд.