Худкушии раиси намояндагии «Кока-кола» ва фишори Ашқобод бар сармоягузорони хориҷӣ
(last modified Mon, 04 Mar 2019 10:11:12 GMT )
Март 04, 2019 15:11 Asia/Dushanbe
  • Худкушии раиси намояндагии «Кока-кола» ва фишори Ашқобод бар сармоягузорони хориҷӣ

Худкушии раиси намояндагии ширкати «Кока-кола» дар Туркманистон, аз фишори давлати ин кишвар бар сармоягузорони хориҷӣ хабар медиҳад.

Ба гузориши хабаргузории Форс, изҳороти давлати Туркманистон дар бораи баргузории муноқисаҳои шаффоф ҳамчунон зери савол қарор дорад.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон дастури таваҷҷуҳи бештар ба бахши хусусиро дода, ки бар асоси он, проектҳои бисёре ба ширкатҳои алоқаманд вогузар мешавад, аммо ширкатҳое, ки аз равобит дар давлат бархӯрдор нестанд, фурсате барои пирӯзӣ надоранд.

Худкушии Goktug Gozutok, раиси намояндагии ширкати«Кока-кола» дар Туркманистон, аз фишорҳои равонӣ бар сармоягузорони хориҷӣ дар Ашқобод хабар медиҳад.

Давлат расман ин ҳодисаро худкушӣ намедонад дар ҳоле, ки расонаҳои маҳаллӣ аз вуқӯи худкушӣ ба далели мушкилоти молии ширкат хабар доданд.

Бар асоси ин гузоришот, Gozutok аз табақа болоии яке аз меҳмонхонаҳои Ашқобод, худро ба поён партоб карда ва ба далели ин ҳодиса бархе мақомоти баландпоя барканор хоҳанд шуд.

Бо вуҷуди барномаҳои давлатӣ дар бахши озодии тиҷорӣ дар Туркманистон кулли система таҳти назорати давлат қарор дорад ва имконоте барои хариду фурӯши озод фароҳам нашудааст.

Дар таърихи 22 феврали соли ҷорӣ, Бердимуҳаммадов ҳукми таъйини қимати колоҳо ва хадамоти мухталиф тавассути давлати ин кишварро имзо кард, аммо феҳрасти коло ва хадамоти мавриди назар ҳанӯз эълом нашуда ва бо таваҷҷуҳ ба буҳрони иқтисодии ҳоким дар Туркманистон эҳтимолан давлат феҳрати бузургеро ироа хоҳад кард.

Ҳамчунин Ашқобод алоқаманд ба пардохти ҳазинаҳои ширкати беларусии мавсум ба «Белхимпром» барои сохти корхонаи тавлиди доруҳои минералӣ нест ва Минск ба самт даъвоҳои қазоӣ дар додгоҳҳои байналмилалӣ ҳаракат кардааст.

Илова бар ин Ашқобод дар бораи проектҳои стратегӣ ва байналмилалии худ назири «Тапи» сухан мегӯяд ва хостори ҷазби сармоягузорони хориҷӣ аст, аммо ширкатҳои байналмилалӣ аз фишорҳои давлати ин кишвар бар сармоягузорони хориҷӣ иттилоъ доранд.