Март 04, 2019 15:43 Asia/Dushanbe
  • Қасди Узбакистон барои густариши равобит бо Шӯрои ҳамкории кишварҳои туркзабон

Вазири умури хориҷаи Узбакистон гуфт, ин кишвар густариши ҳамкорӣ ва равобит бо Шӯрои ҳамкории кишварҳои туркзабон дар заминаҳои мухталифро хостор аст.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Абдулазиз Комилов дар дидор Baghdad Amreyev, дабири кулли Шӯрои ҳамкории кишварҳои туркзабон дар Тошканд таъкид кард, афзоиши фаъолияти Шӯрои ҳамкории кишварҳои туркзабон барои Узбакистон аз ҷазобияти қобили мулоҳизае бархурдор аст.

Вазири хориҷаи Узбакистон ва дабири кулли Шӯрои ҳамкории кишварҳои туркзабон дар ин дидор ҳамчунин масъалаи баргузории нишасти давраии Шӯрои ҳамкори кишварҳои туркзабон дар соли 2019 милодӣ дар Тошкандро баррасӣ карданд.

Шӯрои ҳамкории кишварҳои туркзабон, як созмони байналмилалӣ аст ва кишварҳои туркро ба ҳамдигар муртабит мекунад.

Ин шӯро дар 3 октябри соли 2009 дар шаҳри Нахҷавон дар ҷумҳурии Озарбойҷон таъсис шуд ва Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркия аз аъзои ин созмон ҳастанд.